Омода намудани кадрҳои ҷавон - асоси рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро ҳамчун яке аз омилҳои калидӣ ва такягоҳи асосии рушди устувори кишвар арзёбӣ намуда, кадрҳои ҷавонро ҳамчун сармояи бузурги зеҳнӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа мешиносад. Бо ин мақсад, барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи илм, дастгирии ташаббусҳои навоварона ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии кормандони илмӣ тамоми имконияту шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои охир саҳми кадрҳои ҷавон дар пешрафти илм, технология ва иқтисодиёти миллӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, нақши онҳо дар рушди давлат ва таҳкими пояҳои он рӯз ба рӯз равшантар мегардад.
Дар Паёми солонаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид иброз намуданд:
-мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад;
-пешравии ҷомеа аз илму маорифи пешрафта сарчашма мегирад;
-соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" эълон гардид;
-барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дастгирии муҳимми ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама, дар баланд бардоштани музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ифода меёбад. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзандагон ва ҳавасмандгардонии ҷавонон, ҳаҷми стипендияҳо низ 20 фоиз зиёд гардида, ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба рушди соҳаҳои калидӣ ва дастгирии захираҳои зеҳнии ҷомеа мебошад.
Барои аҳли соҳаи илм мояи қаноатмандӣ ва эҳсоси масъулияти баланд аст, ки дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф, таҳкими пояҳои он ва боло бурдани мақом ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ин таваҷҷуҳ шаҳодати равшани он аст, ки роҳбарияти олии кишвар маорифро ҳамчун асоси пешрафти устувор ва ояндаи миллат арзёбӣ менамояд. Мазмуни Паёми мазкур бо рӯҳияи самимӣ ва эътимоди комил ифода ёфта, дар баробари ин роҳнамо ва дастурҳои мушаххасу созандаро пешниҳод мекунад, ки татбиқи онҳо ба такмили сифати таълиму тарбия ва таъмин намудани ояндаи ободу дурахшони кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Имрӯз мо ба таври возеҳ шоҳиди он ҳастем, ки ҳамасола шумораи ҷавонони соҳибмаърифат, лаёқатманд ва дорои қобилияти роҳбарӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар меафзояд. Ин раванд гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон самараи воқеии худро медиҳад ва ибораи маъруфи «Ояндаи давлат дар дасти ҷавонон аст» тадриҷан аз як шиори рамзӣ ба воқеияти зиндагӣ табдил ёфта истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дар солҳои охир дар Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷараёни ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби шунавандагони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) ба таври муназзам ва дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мусоидат менамояд.
Дар шароити имрӯза Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи ҳамкории зич ва самарабахш бо Институти химия ба номи В.И. Никитинии АМИТ, бо риояи қатъӣ ва пурраи меъёрҳо ва талаботи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мунтазам ва ҳадафманди шӯрои диссертатсиониро роҳандозӣ намудааст. Ин шӯро тибқи ихтисосҳои тасдиқгардидаи 6D.КОА-042, 02.00.00 – химия ва 05.17.00 – технологияи химиявӣ (илмҳои техникӣ) амал карда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои илмӣ аҳамияти махсус медиҳад. Фаъолияти он пеш аз ҳама ба омода, дастгирӣ ва ташаккули кадрҳои ҷавон, болаёқат ва дорои донишу малакаи муосири илмӣ равона гардида, дар рушди неруи зеҳнӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва таъмини ворисияти насли олимони кишвар саҳми арзанда ва назаррас мегузорад.
Сатторзода С.А. – мудири шўъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташ дуҳадафа ва назорати содироти маводҳои ХБРЯ, Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Сатторзода С.А. – мудири шўъбаи муайянкунии маводҳои таъиноташ дуҳадафа ва назорати содироти маводҳои ХБРЯ, Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ